Баргузории Дави миллӣ дар шаҳр

.

19- май дар майдони назди қасри фарҳанг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина чорабинии Дави миллӣ баргузор гардид.

Сараввал раиси шаҳр дар баромади худ аз натиҷаҳои бадастовардаи ҷавонони шаҳр ёдовар гардида, аз тамоми ҳозирин барои иштирок дар ин чорабинии сиёсӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

 Дар ин чорабинӣ зиёда аз 2000 наврасону ҷавонон, бонувон, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар нафарони ҷонибдорони тарзи ҳаёти солим иштирок намуданд. Мусобиқа субҳи рӯз оғоз гардида аз рӯи синну сол ва ҷинс миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва бонувон гузаронида шуд.

Ҳамин тариқ дар миёни бонувон Қурбонова Суман, ҷойи аввал, Сафарзода Зарнигор, ҷойи дуюм ва Қурбонова Тахмина сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Миёни калонсолон Эшахмедов Шодӣ ҷойи аввал, Гурезов Сафарбек ҷойи дуюм ва Розиқов Маҳмадулло сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ҳамчунин ғолибон миёни наврасон ва ҷавонон муайян гардида, бо медалу ифтихорномаҳои таъсиснамудаи бахши ҷавонони  шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин ба якчанд иштирокчии фаъоли дигари чорабинӣ низ барои иштироки фаъолона ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Қайд гардид, ки мусобиқаи мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр баргузор гардид.