Даври дуюми истироҳати тобистона

.

Аз 8 июли соли 2019 басти дуюми истироҳати тобистонаи кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ оғоз мегардад. Дар басти дуюм дар муассисаҳои таълимии №1,2,4,5,9,14 литсейҳои давлатии №1, 2 ва муассисаҳои давлатии томактабии №1,2 ва 3 ҷамъ 912 нафар ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.

 Инчунин дар литсейи касби саноати кимиёи шаҳр низ барои 50 нафар фарзандони литсейи мазкур бори аввал чунин лагер аз ҳафтаи оянда дари худро боз мекунад.