Дар рушди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ саҳмгузорем!
Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», аз ҷониби масъулини Кумита дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Субҳи Сарбанд»-и шаҳр бо иштироки мудири шуъбаи таблиѓот, иттилоот ва матбуоти Кумита Суҳроб Валиев, рохбари ТҶҶ «Созандагони Ватанӣ»-и Кумита Ризомова Гуландом, вобаста ба мавзуъҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.
Суҳроб Валиев қайд намуданд, ки ҳадаф аз вохӯрии имрӯза ин ҷорӣ намудани либоси ягона дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, таъмини адолат ва аз байн бурдани нобаробарӣ байни хонандагони вазъи иҷтимоии гуногундошта мебошад. Инчунин баён намуд, ки ҳадафи дигари тасвиби ин дастурамал ҷилавгирӣ аз фарҳанги бегона, ки зери падидаи сатру ҳиҷобӣ исломӣ дар кишвар паҳн шудааст, мебошад.
Суҳроб Валиев қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои дастрасшуда, ҷиҳати дӯхти сару либоси мактабӣ бахши маорифи шаҳр бо чор коргоҳи дӯзандагӣ дар асоси нақшаи тасдиқгардида ба миқдори 5816 адад сару либоси мактабӣ шартнома баста, то имрӯз дар коргоҳи дӯзандагии «Нилуфар» зиёда аз 1000 ҳазор адад либоси мактабӣ омода гаштааст.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ зери шиори «Якҷоя ҳал мекунем» аз тарафи сехи дузандагӣ ба хонандагоне ки аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд мебошанд, сару либоси мактабӣ ба тариқи ройгон дода шуд.