Ҳадафи мо роҳи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон!
Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Нозироти андоз»-и шаҳри Левакант оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Суҳроб Валиев оғоз намуда, иброз намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, воқеан ҳамчун равшаннамоест, ки ҳар як сокини кишваро ба меҳнати содиқона ва ба нерӯйи бузургу арзандаву ободкорона раҳнамун месозад.
Зимни суханронӣ оид ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти тарғиботии ҳизб, пешгирӣ аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстиву меҳанпарварӣ бо истифода аз захираҳои бойи маънавию фарҳангӣ ва таҷрибаҳои таърихии миллати тамаддунофари тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, роҳҳои сафарбар кардани сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи босамар, сарфаву сариштакории нерӯи барқ дар байни аҳолӣ ва ғайра бо истифода аз мисолҳои ҳаётӣ тавсияҳои асосноку муфид дод, ки ба иштирокчиён руҳияи баланди маънавӣ бахшид.
Дар охир ҳамаи иштирокчиёнро барои дастгирии Аксияи ҳизбӣ ва иҷрои корҳои созандагию ободонӣ даъват намуд.