Вохӯрии собиқадорони меҳнат бо ҷавонон
15 август бо ибтикори Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр дар Кумитаи шаҳрии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Левакант бо як гурӯҳ ҷавонон вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ аъзои фаъоли Шӯро Абдулҳаким Мастов, Абдуҷалол Исмонқулов, Сафар Сахидодов, Рамазон Одинаев ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Комиссариати ҳарбии шаҳр иштирок намуда, вобаста ба сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокдорон вазифаи муқаддаси ҳар ҷавонмарди бонангу ори кишвар дониста шуда, ихтиёран ҳозир шудан барои адои ин вазифаи муқаддас намунаи ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон номиданд.
Қайд гардид, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони ихтиёрӣ ва соҳибкасб гардидани онҳо курси кӯтоҳмуддати ронандагӣ кушода шудааст, ки баъди хатми он ҷавонон бо ҳуҷҷатҳои ронандагӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр нақши чунин вохӯриҳо ва суҳбати наздик доштани собиқадорони ҷангу меҳнатро бо ҷавонон дар тарбияи маънавию ватандӯстии онҳо муҳим арзёбӣ намуд.