Машғулиятҳои амалии омӯзгорони маорифи шаҳр

.

Рӯзи 16 августи соли 2019 чун ҳамасола машғулиятҳои амалии омӯзгорони фаннии муассисаҳои таълимии шаҳр, директорон, ҷонишинони директор оид ба таълим ва тарбия, китобдорон ва мудирони муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 доир гардид.

 Дар машғулиятҳои амалии омӯзгорони фаннӣ аз 15 муассисаи таълимӣ ва муассисаҳои давлатии таълимии томактабии шаҳр 715 нафар омӯзгорону мураббиён иштирок намуданд.

Ҳар як роҳбари иттиҳодияҳои методии фаннӣ оид ба  дастовардҳо дар соли таҳсили 2018 – 2019 ва мушкилотҳои ҷойдоштаашон баромад намуда, доир ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ва бартараф намудани он мушкилотҳо   пешниҳодҳо намуданд.

Дар рафти машғулиятҳо омӯзгорони фаннӣ тибқи мавзӯъҳои гирифтаашон бо маърӯзаҳои диққатҷалбкунанда баромад намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бештари баромадкунандагон оид ба мавзӯъҳои интихобнамудаашон аз таҷрибаи кории худ истифода намудаанд.

Таъкид карда шуд, ки супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  аз паёмашон ба Маҷлисӣ Олӣ ва сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамаон сармашқи кори худ намуда, сатҳу сифати дониши хонандагонро баланд  бардоранд. Барои дарёфт намудани хонандагони лаёқатманд аз фанҳои муштарак озмунҳои гуногун ташкил намуда, хонандагонро ба олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода намоянд.

Машғулиятҳои амалии омӯзгорон аз рӯи 18 фанни таълимӣ дар асоси дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷадвали тасдиқнамудаи Сардори Раёсати морифи вилояти Хатлон гузаронида шуданд.