Баргузории «Иди асал, каду, харбуза ва тарбуз» дар шаҳр

.

Бо мақсади иҷрои бандҳои 7,10,11, ва 12 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 «Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» рӯзи 17-уми августи соли ҷорӣ дар бозори марказии шаҳр чорабинии «Иди асал», «Фестивали яхмос ва обҳои ташнашикан», «Иди каду» ва «Иди харбузаву тарбуз» баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ тамоми хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр маҳсули дастранҷи худро ба марази тамошо гузоштанд. Хоҷагиҳои деҳқонии асалпарварии «Ору» ва «Орзу» низ иштирок намуда, асали хушбӯю хуштамъи худро пешкаши харидорон карданд.

Дастпарварони муассисаҳои томактабии шаҳр бо сару либоси хоси идонаи рамзӣ, намунаи бозичаҳо ва бонувони ҳунарманди шаҳр бо маҳсулотҳои нонии аз асал, тарбуз ва харбузаю каду омодагардида дар чорабинӣ ширкат намуданд.

Инчунин хоҷагиҳои деҳқонии «Ору» ба миқдори 100кг асал, хоҷагиҳои деҳқонии «Бӯстон», «Боҳтуробод», «Бобои Муҳриддин», «Баракати ҳамкорон», «Баракати Боҳтуробод» ва «Муҳамадҷон» ба миқдори 100кг каду, харбуза ва тарбуз пешниҳод намуда, ҶДММ «Анис-2010» ба миқдори 1800 дона обҳои ташнашикани гуногунро пешкаши харидорон намуданд.

Дар охир раиси шаҳр баромад намуда, беҳтаринҳоро бо сипосномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда, барои иштирок дар даври вилоятӣ муваффақият таманно намуданд.