Тадбирҳо баҳри таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ

.

17 август иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Давлатзода Заррина дар якҷоягӣ бо  муовини якуми раиси шаҳр Абдулмуминзода Аҳлиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷафар, раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Ҳалимзода Сафар ва дигар шахсони масъул аз деҳаи Баҳодурон ва Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуда, бо рафти корҳои ободониву созандагии ин мавзеъ ошно гардид.

 Дар ин рӯз дар деҳаи Баҳодурон ҳавзи обтаъминкунӣ, ки  чанд сол боз бо сабаби пур шудан қариб аз истифода берун монда буд, бо ҷалби аҳолии деҳа тариқи ҳашар тоза карда шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Зимни ифтитоҳи ҳавзи мазкур қайд гардид, ки баъди тоза ва бо панҷараҳои оҳанин маҳкам намудани атрофи ҳавз масъалаи бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳа ҳалли худро хоҳад ёфт.

Дар ин рӯз гурӯҳи корӣ инчунин аз рафти корҳои бо оби ошомидани таъмин намудани аҳолии деҳаи Хуррамдеҳ низ дидан намуда, ба сифати корҳои то имрӯз анҷомёфта баҳои баланд доданд.