САҲНАЧАҲОИ ҲАҶВИИ НАВИНИ ТТЭ ҲНИ ДАР ПОЙТАХТИ ЛАҲИСТОНИ ШАҲРИ ВАРШАВА

.

Воқеан ҳам шахс агар ба наворҳои бохтаю фишурдаи дар сомонаҳои интернети пахш намудаи гуруҳҳои ҷиноятпешаро дида худро бетараф монда наметавонад.

 

Маълум гардид, ки рӯзҳои 16 то 26 сентябр дар пойтахти Лаҳистон шаҳри Варшава нишасти навбатии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардида, солгарди ташкилоти навтаъсиси  худро ҷашн гирифтанд.

Таъсис додани ин паймони бофта ба номи (Паймони миллӣ), ин пеш аз ҳама шикастани қолаби куҳнаро дорад, аниқтараш ТТЭ ҲНИ-ро, ки ба ҳамагон маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар сиёҳ шудаву ҳама аз онҳо рӯй гарниданд. Бо таъсиси ин ташкилоти бо номи (Паймони миллӣ) чи дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи кишвар ягон манфиате ё фоидае надорад ба ҷуз аз танқиду таклиф ва саҳначаҳои бофта вале намедонад, ки азми ӯ бефоида мемонад, зеро оҳи модарон, ки фарзандашонро гумроҳ кард, аз гиребонаш хоҳад гирифт.

Мо аллакай огоҳем, ки натиҷаи ҳамаи мақсадҳо ва амалҳои шумо, ҳамоно ноором кардани фазои орому осудаи кишвар ва дигарбора ба хоку хун кашидан ва «соҳиби давлат» шудан аст. Ин аз ҳамон тарзи баёни ақидаву андешаи маъмулии шумо гурӯҳҳои бадхоҳи Тоҷикистон пайдост.   Вале ҷойи ҳайрат ин аст, ки чӣ гуна то ҳол дарк накардаед, ки дигар ҳарфатон таъсире нахоҳад гузошт ба миллати тоҷик ва  мардуми Тоҷикистон. Чун аз хурд то бузурги Тоҷикистони азиз имрӯз мешиносанд шуморо ва аз ҳар ҳарфи мегуфтаатон марому мақсадатонро ошкор кардану фаҳмидан имрӯз ҳатто барои як навраси тоҷикистонӣ мушкил нест.

Ин ҷоҳилон ва хоинони миллат дар мамалакатҳои бегона машварату нишастҳо ва саҳначаҳои хешро доир намуда нисбат ба Тоҷикистон бо туҳмату буҳтон ва маълумотҳои дуруғи худ баҳои манфи медиҳанд саду садоҳои дуруғин паҳн мекунанд. Дар асл ин нишастҳо ба кассе намефорад ва он маблағҳое, ки аз ҳар хориҷиён ба даст меоранд бефоида сарф менамоянд.

Маҳз кирдорҳои манфур ва нияти нопок доштани ин гуна ҳизбу ҳаракатҳоро ба инобат гирифта, моҳҳои охир созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИ-ро ҳам дар қатори «Ал-қоида»-ю «Толибон»-у «ДИИШ» ба рӯйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил карда, фаъолияти онро дар ҳудуди худашон манъ кардаанд. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он кишварҳои Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дохил мешаванд ва ҳамчунин Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки ташкилоти қудратманди минтақа мебошад, ҲНИ-ро якдилона ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намуд. Политсияи байналмилалӣ ё Интерпол бошад, номи роҳбарони гурезаи ҲНИ-ро дар садри рӯйхати ҷинояткорони байналмилалӣ ва террористони хатарноки ҷаҳонӣ ҷой дода, ҳукми боздошти онҳоро дар тамоми олам додааст. Аъзоёну ҷонибдорони ин ҳизби бадхоҳи миллату давлати тоҷикон айни замон дар Полша, Туркия худро чун муши бегуноҳ ҷилва дода, ба бадном кардани ватану миллат ва ҳукумати миллии давлатамон машғул шуда, ба худ ҳомию сарпаноҳ меҷӯянд. Гарчанде айни замон дасти кӯтоҳ доранду ба миллату давлат зарари моддӣ ва ҷисмонӣ расонида наметавонанд, аммо ба навъи дигари терроризм яъне бадномкунӣ ва иттилооти бардурӯғу тӯҳматомез паҳн кардан аз тариқи воситаҳои ахбори умум ва аз тариқи навиштани шикоятнома ба созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин иштирок дар маҳфилу ҷамъомадҳои байналмилалӣ машғуланд.

Тавре аз нишондодҳо пайдост, яке аз мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки ҳеҷ як кишварро дар канор намегузорад, масъалаи терроризм ва экстремизм аст. Имрӯз терроризм дар шаклҳои гуногун ба кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунад. Новобаста аз радабандии давлатҳо, ки онҳо дар кадом сатҳи ҷаҳонӣ қарор доранд, аз хатари терроризму экстремизм дар амн нестанд. Ба таври дигар, терроризму экстремизм дар имрӯз хусусияти фаромиллӣ касб карда, мубориза алайҳи ин зуҳурот метавонад танҳо дар шакли муташаккил ва якҷоя байни давлатҳо сурат бигирад. Вазъи имрӯзаи кишварҳои Шарқи Наздик, инчунин, таҳдиду хатарҳое, ки ҳатто дар кишварҳои Аврупою Осиё мавҷуданд, далели гуфтаҳои болост.

Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ махсусан бо истифодаи бовару эътиқодоти мардум дар шакли динӣ зуҳур ёфтаанд, ки аз ин роҳ гуруҳҳои осебпазирро ба доми худ мекашанд. Чунин амал дар кишвари мо аз ҷониби ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ба роҳ монда шуда буд Ин нафарон бо ҳама ҷиноятҳои содиркардаи хеш имрӯзҳо шарм надошта, тариқи расонаҳои ифротӣ худро бегуноҳу мазлум нишон медиҳанд. Вале аъмоли содирнамудаи онҳо, ки саросар ҷиноятист, бо ин бечоранолиҳо тағйир нахоҳад кард ва аз зеҳни мардум онро наметавон пок сохт.

Душманат бодо парешон, Тоҷикистони маҳбуб!

 

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот

ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар шаҳри Левакант                                                      Суҳроб Валиев