Вохури бо ассотсиатсияи волидону омӯзгорони МТМУ №4

.

Дар таърихи 10-уми октябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо иштироки раиси шаҳр Давлатзода З.Д., муовини раиси шаҳр Қурбонова Н., раиси КИ ҲХДТ Ватанзода С., мудири бахши маориф Абдулов М маҷлиси падару модарон баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис раиси шаҳр оид ба сару либоси мактаббачагон, сатҳу сифати дониш, интизом, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот, дарсҳои иловагӣ ва ба забономӯзи сафарбар кардани фарзандон сӯхбат оростанд.

Дар охир ба ҳозирин дастуру супоришҳо доданд, ки ба тозагиву ободонии маҳал, пешгирии ҷавонон ва наврасон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.