Об, агар сад пора гардад …

.

Баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ байни давлатҳои Иттиҳод тақсимоти марзию ҳудуди ба амал омад. Дар натиҷаи ин тақсимот Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии  Узбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Ҷумҳурии халқии Хитой ҳамсоя монд. Аз ҳамон вақт Тоҷикистон бо кишварҳои болозикр робитаҳои ҳамсоягиро барқарор намуда, дар ҳамаи самтҳо муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монд.

 

Давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ агарчи имрӯз мустақиланду сохтори давлатдории худро доранд, ҳанӯз ҳам дар ҳолатҳои зарурӣ ба якдигар кумаки хешро дареғ намедоранд ва таҷрибаи ҳамдигарро барои пешрафти корашон меомӯзанд.

Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки бо сабабҳои номаълум нофаҳмиҳо сар мезананд, вале коршиносон зуд роҳи ҳалли қазияи пешомадаро меҷуянду бартараф месозанд. Чуноне , як нофаҳми чанде пеш дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон сар зада дар сомонаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои гунонгун ба вуҷуд омад. Бо такя ба назари коршиносон ёдовар мешавем, ки баҳси марзи Тоҷикистону Қирғизистон бар асари амонати меросгузоштаи Иттиҳоди Шуравӣ дар мавриди тақсимоти ҳудуди буд. Коршиносони ду кишвар ин масъаларо пайгирӣ намуда, роҳи ҳалли онро пайдо карданд.

Дар пайи созишномаҳои тарафайн ва муносибатҳои дӯстона чанде пеш бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон Акрам Мадумаров дар минтақаи наздисарҳадии Овчӣ-Қалъачаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон пули мошингузари «Дӯстӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин нишонаи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳои дӯсту бародари Тоҷикистону Қирғизистон мебошад. Намояндагони ҳарду ҷониб зимни ба истифодадиҳии пули «Дӯстӣ» зикр намуданд, ки сокинони деҳаҳои наздисарҳадии ҳарду кишвар минбаъд метавонанд озодона рафтуомад намуда, муносибатҳои дӯстонаро таҳким бахшанд.

Чандест ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар мулоқоту музокироташон таъкид медоранд, ки тоҷикону қирғизҳо асрҳо инҷониб дар ҳамсоягӣ умр ба сар мебаранд ва дар оянда низ бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ тифоқу аҳлона зиндагӣ менамоянд.

                                                       

                                                                                                                                                                                            Орзу Ашуров     

                                                                                                                                                         ш. Левакант