Баррасии фаъолитяти Комиссияи ҳуқуқи кӯдак

.

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷамъбасти нуҳмоҳаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ҳафт масъала роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғон баррасӣ карда шуд. Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вобаста ба фаъолияти нуҳмоҳаи Комиссия ҳисобот дод.

Сипас Комиссия ба баррасии масъалаҳои дигари рӯзнома гузашта, ҳамаи масъалаҳои мазкур тибқи тартиботи муқарраргардидаи қонунгузорӣ, дида баромада шуданд.