ОЛИМПИАДАИ ФАННИИ МАКТАББАЧАГОН

.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 –и шаҳр даври дуюми Олимпиадаи фаннии мактаббачагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои дақиқ: математика, химия, биология, технологияи  иттилоотӣ ва физика гузаронида шуд.

 Дар олимпиада аз фанҳои зикргардида зиёда аз 215 нафар хонандагон иштирок доштанд.  

Олимпиада тибқи Низмономаи олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2018, №17/2 тасдиқ шудааст, гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузор намудани  олимпиада – дарёфти  хонандагоне  мебошад, ки инкишофи зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ – таҳкиқотӣ нигаронида шудааст.

Инчунин бедор намудани  шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ, дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонандагони боистеъдод ба корҳои илмӣ, таҳкиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриодӣ,  рушди қобилияти истифодаи донишҳои назариявӣ ва татбиқи он дар амалия, ташаккули донишҳои илмии хонандагон, шиносоии бештари  хонандагон ба дастовардҳои  нави илмҳои табиию риёзӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ, тарғиби донишҳои илмӣ дар байни хонандагон, мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ва давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил, ҷалби хонандагон ба ҳаракати олимпӣ ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  мебошад.

Хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, бо ифтихорномаи  бахши маориф сарфароз гардонида шуданд.