Ба истиқболи 27 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мавзуъ: Ҳабдаҳ лаҳзаи тирамоҳи соли наваду дуи асри ХХ
Ҳамаи воқеаҳо ва рӯйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он кишвару миллатҳо саҳифаҳои сифатан нав ворид месозанд, аз шаҳре, майдоне, қасре ё мавзеъе манша мегиранд ва ҳамчун рамзи ин воқеот абадӣ мемонад.
Агар рамзи озодии мардум муҷассамаи «Озодӣ» дар Амрико, рамзи – прогрессии техникии Фаронсаву Аврупо манораи «Эйфел», рамзи тавоноии шоҳон аҳромҳои Миср «Фиръавнҳо», «Тоҷмаҳал» рамзи бунёдкориву ишқи беолоишу самимӣ бошад, «Қасри Арбоб» дар таърихи мо - тоҷикон рамзи ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани муқаддастарин муқаддасотамон Истиқлолияти комили миллиамон мемонад ва бо гузашти вақт ин қаср зиёратгоҳи соҳибдавлат боқӣ меномад. Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки оид ба ин толори муқаддас гуфтааст :
«Ин толор барои мо бениҳоят азиз аст, зеро замоне, ки бесарусомониҳо тамоми мамлакатро фаро гирифта буданд, тақдири ояндаи давлату миллат маҳз аз ҳамин бино сарчашма гирифт ».
Иҷлосияи XVI-ум роҳи сулҳ эҷод кард, ки дар дунё камназир буда, шоистаи омӯхтан аст. Иҷлосия барои тоҷику тоҷикистониён сарнавиштсоз шуд, чунки он халқу миллатро аз нестиву пароканданӣ ҳифз намуд ва Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят кард.
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми ҷаҳониён исбот намуд, ки зӯроварӣ дар муносибати байни ҳамдигар роҳи дурусти интихоб нахоҳад буд. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маҷмӯъ чунин ҳисобидан мумкин аст :
- пеши роҳи хатари нобудшавии халқу миллатро гирифт ;
- оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи давлатро барқарор сохт ;
- артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дод ;
- заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон - барпо намудани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошт ;
- ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид ;
- Конститутсияи нави Тоҷикистонро қабул кард ;
- барои ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа заминахои ҳуқуқиву сиёсиро ба вуҷуд овард.
Дар китоби муқаддаси «Авесто» омадааст : «Шаҳриёрӣ азони касест, ки бо бародарони нотавони худ дасти кӯмак дароз мекунаду дилшод мегардад !»
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибдорӣ, тамаддунӣ, фарҳангдорию сулҳдӯстии тоҷиконро бори дигар ба ҷаҳониён хотирасон намуд ва як силсила хусусиятҳои нишонрасро фаро гирифт :
- ҳамдигарфаҳмӣ ;
- ҳамдигарбахшӣ ;
- дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон Ҳукумати ҳуқуқбунёдро таъсис дод ;
- таъмини кори пурсамари мақомоти идоракунии ҳукумати маҳаллиро ба роҳ монд ;
- барқарор намудани сохтори мақомоти муҳофизати ҳуқуқӣ ;
- баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ;
- инкишоф додани муносибатҳои бозорӣ, барқарор намудани корхонаҳо, муассисаҳо, ҷалб кардани қувваи корӣ ба меҳнати манфиатбахш ;
- ҳимояи иҷтимоии табақаи ниёзманд, таълиму тарбияи насли оянда ;
- бунёди Артиши миллӣ ;
- ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ;
- ба кор андохтани муносибатҳои дипломатӣ (таъсиси сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар дигар давлатҳо) ;
- муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дуру наздик.
Қасами Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия :
«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Ҳамаи шумо, сокинони Ватани азизамонро баҳри он даъват менамоем, ки дар ободию бунёдкорӣ ва рушду пешрафти Ватани ҷоноҷонамон ҳиссагузор бошеду ба боварию амалӣ гаштани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошед.
Ҳамватанони азизамонро бо 27 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иҷлосияи сарнавиштсоз, тақдирсоз табрику таҳният гуфта, умри дарози бобаракат, тансиҳатию тинҷӣ ва амонӣ таманно дорем. Бигзор дар сарзамини биҳиштосои мо ҳамеша сулҳ ҳукмрон бошад.
М. Назриева, директори муассисаи таълимии №2, шаҳри Левакант