Конститутсия - санади муқаддасу тақдирсоз

.

Санаи  6  ноябр дар таърихи давлатдории тоҷикон як  санаи бисёр  муқаддас, пурифтихор  ва  сарнавиштсоз  мебошад. Расо 25 сол  пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 мардуми сарбаланди тоҷик ба таври райъпурсии умумихалқӣ конститутсияи кишвари хешро қабул намуданд. Бо дарки масъулияти  таърихии  худ дар  назди  миллат ва  Ватан  мо  ба  барқарор  кардани сулҳу созиш ва ваҳдати  миллӣ  шурӯъ  намудем.

 

Дар Созишномаи умумии  истиқрори  сулҳ  ва  ризоияти  миллӣ  дар баробари ҳалли  масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи мо ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба  Конститутсияи  Тоҷикистон  низ пешбинӣ  гардида  буд.  Ва  ҳамчун  натиҷаи  татбиқи  муқаррароти  ин санади  муътабари  миллат  26  сентябри  соли  1999, бори дуввум 22 июни соли 2003 ва бори сеюм 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи  мамлакат  иловаҳо ворид карда  шуданд,  ки  онҳо  мазмуну  муҳтавои  Конститутсияро такмил  дода, хислати  демократии  онро  таҳким  бахшидаанд.

Конститутсия  мазмуни демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ,  иҷтимоии  давлати Тоҷикистонро муқаррар мекунад,  ки барои  пурра татбиқ шудани ин мафҳуму арзишҳо ба сифати  ормонҳои  мардуми  мо  вақту  замони  муайян  зарур  аст. Татбиқи  меъёрҳои  зикршуда,  пеш  аз  ҳама,  ба пешрафти  ҳаёти  ҷомеа,  давлат,  хулоса  ба  шароиту  имкониятҳо  ва  ба  сатҳи пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар вобаста  мебошад.

Эътирофи  соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба  василаи  Конститутсияи он бешубҳа аз ҷумлаи арзишҳои миллат   мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти  мустақилонаро  фароҳам оварда, халқро бо ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ  мекунад.

Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли   Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии сохтори  давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овард ва барои бунёди  ҷомеаи   воқеан шаҳрвандӣ,  таҳкими минбаъдаи  дастовардҳои  истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодию иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои  тақдирсози стратегӣ  ва  нақшаву  лоиҳаҳои  созанда  ва  дар  натиҷаи ин ҳама болоравии  нуфузу эътибори  кишвари  мо  дар  арсаи  байналмилалӣ  пайдевори боэътимод  гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи комили  принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои обруманди  байналмилалӣ  эътироф   гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо, вохӯриҳо зимни сафарҳои кориаш ба давлатҳои дуру наздик  ва  ҳангоми қабули сарварон,  намояндагони дигар  давлатҳои  хориҷи  дуру  наздик  аз номи мардуми кишвар ба ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёду демократӣ муаррифӣ намуда, баҳри ҳамкорӣ  созишномаҳоро ба  имзо  расонид,  ки ҳамаи ин созишномаҳо дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  пешрафти  сарзамини  мо  мусоидат  намуд.

Аз  баракати  ин санади  олии тақдирсоз   мақсаду  мароми  давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз дар ҳаёти сиёсию  иқтисодӣ  ва  иҷтимоию  фарҳангӣ  амалӣ шуда истодааст.

Конститутсия дар бобати фароҳам овардани сулҳи комил ва  ризоияти  миллӣ  дар  саросари  мамлакат  нақши  асосӣ  бозид, зеро дар он тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд  ва  дунявӣ  таҷассум  ёфтаанд.

Вобаста  ба  ин, таъкид кардан зарур  аст,  ки  зиндагию  фаъолияти мо минбаъд низ бояд пурра дар доираи  конститутсия  сурат  гирад. Яъне , конститутсия  бояд  воқеан  роҳнамои  зиндагию  фаъолияти ҳар  як  шаҳрванд,  инчунин  ҳамаи  ҳизбу  ҳаракатҳои   сиёсӣ  бошад.

Масъалаҳои таъмини амнияти милливу давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳиву худишиносӣ, ғурури ватандориву ватанпарастӣ, зиракии сиёсӣ ва бедории маънавӣ,  эҳтироми арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри истиқлолият ва  давлатдории  мустақилона,  пос доштани рамзҳои  давлатдорӣ, ки  ҳамаи ин арзишҳо аз Конститутсияи мо сарчашма мегиранд, заминаҳои  устувори  давлатдории  навини  мо  мебошанд.

Мутобиқи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам,  Нишон  ва  Суруди Миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, яъне   нишонаҳои  соҳибихтиёрии  давлату миллат  мебошанд.

Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем  ва  он  барои  ҳар  як  фарди  ватандӯсту ватанпараст  муқаддас  аст. 

 Суҳроб Валиев, шаҳри Левакант