Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон қавитар мегардад.

.

Агар дақиқтар назар афканем мо бо қирғизҳо ҳеҷ гоҳ мушкилоти ҷидди  надоштем ва дар минтақа мақомҳои стратегии ягона дорем ва мавқеъи мо қариб дар ҳама масъалаҳо наздик аст. Асосан сарҳади мо бо Қирғизистон аз қаторкуҳҳо мегузаранд, ки мавзеъи Ворухи шаҳри Исфара, чанд деҳаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови  вилояти Суғд минтақаи Вахшро дар бар мегирад.

 

Гоҳо муноқишаҳои марзи сар мезанад, вале ҳалу фасли худро меёбанд.Чунки тоҷикону қирғизҳо халқҳои бо ҳам дусту бародадаранд ва урфу одатҳои бо ҳам наздик доранд.Тоҷикон аз қадимулайём дар ҷаҳонбинии қирғизҳо ҷойгоҳи махсусро доранд. Анна ҳамин ҷамбаи мусбии муносибатҳои ду халқияти бо ҳам дӯст имкон намедиҳанд, ки низоҳо бузург шаванд.

Мо бо Қирғизистон як стратегияи хеле муҳимро амали мекунем, ки ин КАСА ҳазор мебошад. Аммо агар инро ҳарчи тезтар ҳал кунем як такони бузурге мешавад бевосита барои манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва ҳам манфиатҳои миллии Қирғизистон.

Чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шаҳри Ашхободи Туркманистон махсус бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков вохури намуда, доир ба мунасибатҳои дипломатии ҳарду кишвар суҳбат намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохури таъкид доштанд, ки «Тоҷикистон бо такя ба анъанаҳои накуи дустию ҳамҷаворӣ ҷонибдори рушди ҳамкори мутақобилан судманд бо Қирғизистон мебошад».

Тоҷикистону Қирғизистон дорои сарҳади умуми мебошанд ва ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ изҳори андеша карданд. Музокироти сарони ҳарду давлат ба манфиати халқҳои тоҷику қирғиз пайваста суръат мегирад. Сооронбой Жээнбеков низ ба халқи қирғиз пайваста муроҷиат мекунанд, ки бигузор масалаҳои пешомадаро масулин ва коршиносон ҳал намоянд.