Вохӯрӣ дар муассисаҳои КАТС
Мутахассисони МТТҲС, солимии репродуктивӣ ва маркази ВНМО дар толори КАТС байни ҳамшираҳои шавқат семинар машварати омӯзишӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО, ғизои солим, камхунии занҳои ҳомила, бемориҳои шадиди роҳи нафас бо иштироки зиёда аз 30 нафар доир намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин лексияҳо ин пеш аз ҳама пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, баланд бардоштани савияи дониши аҳоли нисбати бемориҳои сироятӣ мебошад, - иброз дошт директори МТТҲС Акрамова С.
Дар охир аз тарафи мутахассисон ба иштирокчиён 55 адад маводҳои иттилоотӣ дастрас гардид.