Кӯмак ба ятимони кулл ва маъюбону эҳтиёҷмандон

.

Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба ин гуна қишрҳои ҷомеа, дар арафаи иду ҷашнҳо кӯмак расонида мешавад.

 Бинобар ин дар арафаи таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто», раиси шаҳри Левакант З.Давлатзода ба ятимони кулли шаҳр вохӯрӣ доир намуда, ба 27-нафар ятими кулл, 10 нафар шахсони имконияти маҳдуддошта ва эҳтиёҷмандон маводҳои ғизоӣ аз қабили орду равған кӯмак расониданд.