«Ба мо СУЛҲ биёред!» «Ба мо гушт…ба мо орд, қанд, равған наёред! Ба мо СУЛҲ биёред! Эй, ака! Эй додар! СУЛҲ!», инҳо суханонеанд, ки дар солҳои 90- уми асри гузашта садо медоданд. Мо кӯшиш намудем, ки нутқи ҳолдонҳоро айнан ба шумо пешниҳод намоем. «Иҷло

.

Мо лаҳзаҳои баргузории ин иҷлосияро тариқи оинаи нилгун тамошо мекардем. Рости гап…агар андешаҳои ҳамонвақтаи мардумро, ки миёни ҳам мегуфтанд ҷамъбаст кунем, ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки дар байни мардум ҳаминхел фарзанди варзида бошад. Ҳеҷ кас боварӣ надошт! Зеро ки дар дасти ҳама силоҳ буд…Зеро ки ҳеҷ кас намехост ба тариқи қонуни зиндагӣ кору фаъолият намояд. Аз ин лиҳоз дар дили мардум як шуълаи гарм, меҳру муҳаббат нисбати ватану ватандорӣ пайдо шуд.

 

Дар он рӯзҳо ман чун имрӯз фаъолияти омӯзгорӣ доштам. Роҳбари муассисае будам, ки дар тобеияти ноҳияи А. Ҷомии имрӯза буд. Мо то рӯзи баргузории Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ ҳатто имконе надоштем, ки ба шуъбаи маориф равем. Ин Иҷлосия моро ба дидори ҳам расонд. 18 ноябри соли 1992 тариқи пули оҳанини байни ноҳияи А. Ҷомию шаҳри Левакант мо дар шуъбаи маорифи ноҳия, ки он вақта Хоҷа Мастон мегуфтанд, ҷамъ шудем. Мо омӯзгорон якдигарро ба оғуш гирифтем…Табрик намудем! Зеро 4-5 моҳ мо умуман якдигарро надида будем. Мактабҳо фаъолият мекарданд, вале миёни ҳам алоқа надоштем.

Инчунин дар он рӯзҳо вазифаи раиси маҳалларо ба уҳда доштам. Мо баъди дарс, барои муҳофизати деҳа бо қувваи худӣ шабона навбатдорӣ ташкил мекардем, то ки аҳли байтамон осуда ва эмин аз хатар бошанд.

Дар он лаҳзаҳо мардум ба якдигар бисёр самимӣ буданд. Ҳарчанд имконияти иқтисодӣ надоштанд, вале ҳамеша ба якдигар кумак мекарданд. Як пора ноне, ки доштанд, мехостанд бо якдигар қисмат кунанд.

Хушбахтона мо ба Ваҳдати комил расидем! Аз фурсат истифода намуда пеш аз ҳама сокинони шаҳр, мардуми Тоҷикистон, миллати азизи хешро ба Рӯзи Президент, Рӯзи Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ табрик гуфта, хоҳони онам, ки ин фарзанди фарзонаи миллат ҳамеша болои сари мардуми тоҷик бошад.