«Ватан аст интизор, на мулки афғон»

.

Ҳукми тақдирро бубин! Ман духтари раштонзаминам, шавҳарам данғарагӣ. Ман 6 фарзанди худро чун ҷонам дӯст медоштам. Амакҳояшон бароям азиз буданд. Тағоиҳояшон низ ҳамчунин. Амакҳои бачаҳои ман бо тағоиҳояшон ҷанг карданд…Ин даҳшат аст. Ҳар боре, ки шавҳарам бо қаҳр вориди хона мегардид, гумон мекардам барои куштани ман омадаст…Кӯдакам гиря мекард, даҳонашро бо дастам меқапидам то садояш баланд набарояд…Ман аз ғармӣ будани худ метарсидам… метарсидам, гарчанде, ки ғармро надида будам…

 

Соли 1994, модарам сахт гиря кард. Барои апаам, ки бо фарзандонаш ба хоки Афғонистон паноҳ бурд буд. Сахт гиря мекард. Зораҳои модарам то имрӯз ҳар саҳар дар гушам садо медиҳад…«Бачам як бор ба радио рав, апата фарёд кун!»… Бо ҳамроҳии як ҳамсояамон ба хонаи радио рафтам ва гуфтам:

Бас аст, заҳри ҷудоиҳо чашидан,

Бас аст, бори ғарибиҳо кашидан.

Ба ҳоли зори модар раҳм бинмо,

Бас аст, хуни дили ёрон макидан.

Шуморо ёд кардем, эй азизон,!

Биёед бар Ватан, бар Тоҷикистон.

Чаро мо зиндаву бе мо шумоед,?

Ватан аст интизор, на мулки афғон.

Ман аз Ҷаноби Олӣ то ба осмон миннатдорам. Чароки ин марди Худодод ҳар он чизе, ки гуфт иҷро кард. Ғарибафтодагонро баргардонд. Сулҳ овард. Ватанро обод кард. Боқӣ чӣ ҳам даркор. Шукрона, ки ҳамаи мо тоҷик шудем. Тоҷикистонӣ шудем. Бигзор ин сулҳу осоиштагӣ абадан пойдор бошад!

Махфират Зуҳурова, омӯзгор