Муқовимат бо коррупсия.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант намояндагони раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар вилояти Хатлон бо роҳбарону мудирони шуъбаҳо ва фаъолон вохӯри намуданд.
Парвиз Одинамуҳаммадзод намояндаи ин ниҳод ба сухан баромада, изҳор дошт, ки воқеан ҳам коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Зеро коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад.
Зикр шуд, ки маҳз бо таъкид ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон мубориза бо коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ мавриди амал қарор дода шуда, дар ин замина тадбирҳои судманд андешида шудаанд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии коррупсия, ки садди пешравиҳо мегардад ва барои мубориза бурдан бар зидди он бояд ҳар нафари мо масъул бошем.
Ниёзӣ