Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон
Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант рӯзи 19.11.2019 дар толори МДТ «ЛКСК»-и шаҳр мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин чорабини зиёда аз 60 нафар иштирок намуда, аз онҳо 12 нафарашонро духтарон ташкил медоданд.
Инчунин аксия доир ба ин мавзӯъ баргузор гардида, зиёда аз 100 адад парчамҳои хурд миёни омӯзгорону хонандагони муассиса тақсим карда шуд.
Мақсади баргузории мизи мудаввар баҳри кам кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, пос доштани муқаддасоти миллиӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои ниёгони хеш мебошад.