Ҳамоиши ҷавонони шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи Парчам.
23-юми ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши ҷавонони корхонаву муассисаҳои шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ва муҳасилини муассисаҳои таълимӣ таҳти унвони «Парчам рамзи давлатдорӣ», ҳамоиш доир гардид.
Ҳамоиш дар арафаи Рӯзи Парчами миллӣ ба хотири эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, абадӣ ва пойдор будани Истиқлолияти давлатӣ ва рамзҳои миллӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони қадим пайдо шудаанд. дар «Авасто» дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст. Парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, байрақ вожаи туркӣ, ливо ва алам арабӣ мебошанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ дар майдони марказии шаҳр бахшида бо ифтихор аз Рӯзи Парчами миллӣ маърӯза ва шеърхонӣ намуданд.