Ифтитоҳи Маркази ҷавонон
24-ноябр пеш аз оғози чорабинии идона бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Шавкат Маҳмадалиев, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» маркази ҷавонон ва чароғҳои рушноидиҳӣ дар кӯчаи Носири Хусрав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар толори Қасри фарҳанги шаҳр доир гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод тамоми сокинон ва меҳмононро бахшида ба Рӯзи Парчам табрик намуда, ба онҳое, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм доштанд, изҳори сипос намуданд.
Шавкат Маҳмадалиев намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода сокинони шаҳрро бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ табрик намуд.
Сипас компазитсияи идона бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ пешкаши аҳли толор гардонида шуд.