Дар роҳи таъмини субботу амният доимо талош варзем.
Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, оид ба татбики амалии Аксияи хизбӣ таҳти унвони «Якчоя хал мекунем!», дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии бозори «Муҳаббати Беғам»-и шаҳр бо иштироки муовини раиси Кумита Фароғат Назарова, мудири шуъбаи занон ва ҷавонон Нуринисо Ибодуллоева вобаста ба мавзуъҳои самтхои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини Кумита ба иштирокчиён қайд намуд, ки аслан ҳар як суханронӣ, ё иқдому ташаббусе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳад, ҳадаф, маром, маънӣ ва моҳияти ватандӯстона дорад. Ватандӯстӣ низ дар татбиқи амалҳои созанда ва ободкорӣ ба нафъи шукуфони Ватан зоҳир мегардад.
Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем, - хулоса гардид дар чорабинӣ.
Дар хотир дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини субботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.
Дар охир дар бораи дастуру супоришҳои додашудаи Сарвари давлат, пойдории ҳурмату эҳтиром ва дӯстӣ дар байни мардум, беҳтар намудани зиндагии шоистаи мардум ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем», даъват намуданд.