СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ №12

.

Бо дастгирии раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод  дар назди муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ, як ҳуҷра барои омӯзгорон  ва китобхона  тарҳрезӣ шуда буд.

Чи тавре  ки  дирекетори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 – и шаҳр Шеров Давлат  хабар дод,  айни замон болопуши он бо дастгирии омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур пурра маҳкам карда шуд.