ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ФАННИИ МАКТАББАЧАГОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД.
Директори маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди бахши маорифи шаҳр Нозимов Иброҳим иттилоъ дод, ки даври дуюми (шаҳрӣ) олимпиадаи фаннии мактаббачагон дар байни хонандагони синфҳои 9 ва 10- и муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардид.
Тибқи дархости пешниҳоднамудаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар даври дуюм (шаҳрӣ) 523 нафар ширкат варзиданд.
Олимпиада тибқи талаботи Низомономаи олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2018, №17/2 тасдиқ шудааст, гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузор намудани олимпиада дарёфт ва рушди хонандагоне мебошад, ки инкишофи зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ – таҳкиқотӣ нигаронида шудааст.
Инчунин бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагони муассиаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ, дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонандагони боистеъдод ба корҳои илмӣ, таҳкиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриоддӣ, рушди қобилияти истифодаи донишҳои назариявӣ ва татбиқи он дар амалия, ташаккули донишҳои илмии хонандагон, шиносоии бештари хонандагон ба дастовардҳои нави илмҳои табиию риёзӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ, тарғиби донишҳои илмӣ дар байни хонандагон, мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ва давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил, ҷалби хонандагон ба ҳаракати олимпӣ ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Дар ҷамъбасти олимпиада аз синфҳои 9 – 92 нафар ва аз синфҳои 10 - 82 нафар толибилмони муассисаҳои таълимӣ созовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.