Аёдати пирон амри воҷиб аст.
Чанде пеш аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва маъмурияти муассисаи таълимии №6 ба аёдати собиқадори соҳаи маориф Аҷикуло Икромов рафтанд.
Аҷикуло Икромов солҳои дароз дар соҳаи маорифи шаҳр фаъолият карда, беш аз 20 сол вазифаи директории муассисаи таълимии №6-ро ба уҳда дошт. Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр изҳор дошт, ки ин иқдом дар асоси нақшаи кории Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр сурат гирифта, аёдати пирони кор аз як тараф арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо, аз ҷониби дигар василаест, ки дар тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ва ба меҳнати софдилона талқин намудани онҳо нақши муҳим хоҳад дошт