Барои иҷрои ҳадафҳои созандаи ҳизб талош меварзем!

.

Дар вобастагӣ ба Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ»-и шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид.

 Тавре  ки аз суханронии мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Нуринисо Ибодуллоева ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Суҳроб Валиев бармеомад, ин гуна вохӯриву суҳбатҳо тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант сурат гирифта, барои ба саҳми мардум расонидани самтҳои афзалиятноки ҳизб ва рафти амалишавии онҳо роҳандозӣ гардидаанд.

Дар рафти суҳбат масъулини Кумита инчунин вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон, омодагии ҳамаҷонибаи ҳизбиён ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ, яъне интихоботҳои вакилон ба Маҷлиси Олии кишвар ва Маҷлисҳои маҳаллӣ изҳори андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуданд.