Пешгирии сироятёбии бемории “Гелментӣ”

.

Кормандони МТТҲС дар якҷоягӣ бо ҳамшираҳои тиббии КАТС дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр баҳри пешгирии бекирмгардонӣ байни кӯдакони аз синни 5 то 13 сола чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ҳамзамон шаҳрвандонро бо дорувории «Албендазол» ба қадри имкон таъмин намуданд.

 Инчунин бо мақсади паст кардани сатҳи паҳншавӣ ва сироятёбӣ ба бемориҳои “Гелментӣ” байни кӯдакони синни томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳот низ вохӯриҳо доир гардида, ба иштирокчиён аз тарафи мутахассисон брошураҳо дастрас карда шуд.