Нақши ҳизбиён дар раванди корҳои ободонию созандагӣ бузург аст!

.

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар робита ба Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа»-и шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид.

 Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Нуринисо Ибодуллоева ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Суҳроб Валиев зимни суҳбат оид ба рафти корҳои ободониву созандагӣ дар маҳал, саҳми ҳар як сокини деҳа дар ҳашару корҳои дастаҷамъона, сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтани духтарон, ба ҳунармандию ҳунаромӯзӣ ҷалб сохтани занону духтарон сухан гуфтанд.

Дар рафти суҳбат масъулини Кумита инчунин вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ,  пешгири аз бемориҳои сироятӣ, расонидани моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуданд.