Ташрифи меҳмонон ба шаҳр

.

Рӯзи 28.11.2019 бо иштироки раиси шаҳр, муовини раиси шаҳр, намояндагонӣ дафтари лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ», коршиносони ташкилоти GOPA дар Тоҷикистон Виолерия Руссо, Фирӯза Ҷобирова бо ҳайати намояндагони Раёсатҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳайати расмии бонувони вилоятҳои Суғду Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба шаҳри Левакант ташриф оварданд.

 Мақсад аз ин боздид табодули афкор ва омӯзиши таҷрибаи байниҳамдигарӣ оид ба фаъолияти кори ҳуҷраҳои машваратӣ буда, меҳмонон аз кори мутахассисони ҳуҷраи машваратии шаҳри Левакант дидан намуданд. Сипас онҳо ба кори ҳуҷраи фардии кор бо занон ва ҳуҷраи машваратии кор бо ҷабрдиҳандагон шинос шуда, ба кори мутахассисони ҳуҷраҳо баҳои баланд доданд.

Равоншиноси ҳуҷраи машваратӣ Н. Ашуров зикр намуд, ки то имрӯз дар ҳуҷра 31 нафар ҷабрдиҳанда ба қайд гирифта шуда, нисбаташон амрномаи муҳофизатӣ тартиб дода шудааст. Аз ин шумора 10 парванда қатъ гардида, 21 парвандаи дигар зери назорати доимии кормандони ҳуҷраи машваратӣ қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки фаъолияти доимии ҳуҷраҳои машваратӣ зери назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва махсусан муовини раиси шаҳр  Н. Қурбонова мебошад, ки ӯ дар рафти чорабинӣ ширкат дошта, меҳмононро пазирои намуд.