Гумроҳӣ ва бадхоҳӣ пеша нест!
«Террорист ва экстремист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад», таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Он нафароне, ки дар фикри ободонии кишвар ва тинҷиву оромии он набошанд ва доимо миёни мардум иғвоангези намоянду яроқ гирифта ба катлу куштор даст мезананд, бешак онҳоро террорист ва ё экстремист мегӯянд.
Солҳои охир гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки бархе ҷавонони аз таълиму тарбия дур мондаро ба гумроҳии зоҳир, яъне барои содир намудани ҷиноят даъват менамоянд. Пӯшида нест, ки иддае аз ҷавонон фирефтаи ин гурӯхҳҳои ифротӣ шуда дасташонро ба хуни мардуми бегуноҳ олуда мекунанд.
Фарзона фарзандони миллат барои обрӯи ин кишвар чи талошҳое доранд, то миллати мо ва мардуми моро ҷаҳониён шиносанду эхтиром намоянд. Аммо бархе аз хоинони давлат, соҳибэҳтиром шудани ин кишвар ва ин миллатро намехоҳанд. Бадбахтона бархе аз чавонон ба маънои калимаи ҷиход сарфахм нарафта биҳиштӣ шавем гуфта ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, даст ба қатли ом мезанандд. Дар миёни оммаи мардум худро метарконанд. Бехабар аз он ки дини мубини Ислом нафаре, ки даст ба худкушӣ задааст ва ё зарар ба мардум расонидааст ва хуни ноҳақ рехтааст, ҳаргиз нахоҳад бахшид.
Агар инсон барои анҷом додани ҳар амали неке бо ҷидду ҷахд саъй намояд, ҷиҳоде кардааст дар роҳи Худованд. Бояд мову шумо дарк намоем, ки ҷиход ин амали хуб нест, мисли зулму куштор, балки кори хайрест мисоли ба ҷо овардани қарзи фарзанди дар назди Модар-Ватан,- мегӯянд Исломшиносон.
Ҷавонони мо бояд роҳи накӯкориро пеш гиранд, илм омӯзанд, бомаърифат бошанд, дастгири падару модар шаванд. Шоҳиди ҳодисаҳои солҳои охир будем, ки фитнагарону манфиатдорон наврасону ҷавононро бо ваъдаи маблағҳои зиёд ва ҳатто ҷаннатӣ шудан ба «Ҷиҳод» чалб менамуданд. Ҳол он ки соҳиби замину осмон, ҷаннату дӯзах Худованди бузург аст ва танҳо ӯ медонад, ки кӣ ба ҷаннат мераваду кӣ ба дӯзах. Ин фитнагарон бошанд ба ҷуз суханони пучу бемаънӣ чизи дигаре намегӯянд.
Ҳар як инсони солимфикру комилақлро мебояд тану ҷони хешро амон нигоҳ дорад. Дидаву дониста худро миёни оташ наандозад ва ё даст ба худкушӣ назанад, то ба ин амонати Худованд дода хиёнат накунад. Фардо ҳар яки мо аз он пурсон хоҳем шуд, ки ба чи коре умри азизамонро сарф намудем. Оё айб нест, ки бигӯем худро ба обу оташ зада ба даст яроқ гирифта одам куштем. Беҳтар аст ба ҷойи он бигӯем, ки омӯхтани илм фарз буд, омӯхтем, хизмат ба волидайн фарз буд, анҷомаш додем, ҳифзи Ватан қарз буд ҳимояташ кардем. Ин аст амали хубе, ки мо бояд танҳо ба он қодир бошем.
Фаррух Султонов, раиси
Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»