Вохурӣии судманд бо ҷавонон

.

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Левакант бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Д.Ҳ. ва намояндаи Кумитаи рушди маҳаллли назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳр ҷамъомад доир гардид.

 Иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширакат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии ҷавонон ба шомилшавӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ  мавзуъҳои муҳиму калидии вохурӣ буд, ки мавриди муҳокима қарор гирифт.

Зикр шуд, ки имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз ҳар роҳу усул истифода мебаранд. Аз ин рӯ бояд ҷавонон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи хеш шуморанд.

Сардори ШВКД-и шаҳри Левакант Подполковники милитсия дар баромади худ зикр намуд, ки яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ ин ҷалби онҳо ба варзиш ва корҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки чандест мо ин иқдомро пеш гирифтаем. Дар оянда низ кӯшиш менамоем, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ дар ин самт бештар ба роҳ монем.