Семинари кӯтоҳмуддати омӯзгорони фанҳои технология (таълими меҳнат)

.

Мушовири кабинети методии бахши маорифи шаҳр Авғонова М. иттилоъ дод, ки рӯзҳои 4-ум ва 5-уми декабри соли равон тибқи нақшаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи минтақаи  Бохтар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 семинар -  машварти  ғайринавбатӣ бо омӯзголрони фанни технодлогия (таълими меҳнат)  доир гардид.

 

Мақсад аз доир намудани чунин семинар машваратҳо аз тарафи  Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи минтақаи Бохтар ҷалби омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз фанни технология баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва роҳу усулҳои нави муосир, таълими муносибати салоҳиянокӣ дар таълим  мебошад. Семинарро омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи минтақаи Бохтар оид ба фанни технология Мирзоев Абдуқаҳор гузаронид. Дар семинар омӯзгорони фанни технологияи муассисаҳои таълимии шаҳр зиёда аз 23  нафар иштирок доштанд.

Инчунин  аз тарафи маҳфили “Дастони моҳоир” – и муассиаи таълимӣ, ки роҳбарии онро омӯзгори фанни технология Бобоназарова Ф   ба зимма дорад, меҳнати дастии хонандагон ба намоиш гузошта шуда, иштирокчиёни семинар машварат шинос шуданд.