Дастовардҳои Истиқлолият дар деҳаи Вахш

.

Аз давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба як қатор дастовардҳои арзанда ноил гардидем. «Баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ», «Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ» ва «Таъмини амнияти озуқаворӣ» аз ҳадафҳои асосии стратегии мамлакат буданд, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гаштанд. Баъди ба ин ҳадафҳо расидан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси олии кишвар «Саноатикунонии босурати кишвар»-ро ҳадафи чоруми стротегӣ эълон намуданд, ки ҳамаҷониба амалӣ гашта истодааст. Дар ин баробар таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ва тамоми сохтори марбута ба саломатии аҳолӣ ва таълиму тарбия равона гардидааст.

 

Шаҳри Левакант дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигаро шаҳру навоҳӣ ба дастовардҳи арзанда ноил гаштааст. Дар миқёси шаҳр яке аз деҳаҳое, ки аз ҳар ҷиҳат имкониятҳои маҳдуд дошт, деҳаи Вахш ба шумор мерафт. Имрӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти махалии шаҳр ва ҷалби аҳолӣ дар қисмати поёнии деҳаи Вахш як бунгоҳи саломатӣ бо тамоми шароит сохта ба истифода дода шудааст, ки ба беш аз 2000 нафар хизмати тиббӣ мерасонад. Қаблан мардуми деҳа бо заҳмати зиёд беморони худро ба маркази шаҳр мебурданду машақат доштанд. Ҳоло бошад шукрона аз даврони соҳибистиқлолии мамлакат мекунанд, ки ин мушкилашон осон гардидааст ва  пайи ободиҳо камари ҳиммат бастаанд.

Хушбахтона, бо эълон гардидани Солҳои 2019-2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мардум имкон пайдо карданд, ки  дар ин самтҳо фаъолияти худро беҳтару хубтар ба роҳ монанд. Рушди деҳот  яке аз масъалаҳое ба шумор меравад, ки танҳо бо ташаббуси созанда ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша метавонад дар минтақаҳо  ҳалли худро ёбад. Зеро ободии Ватан аз ободии шаҳру деҳа ва  хонаи ҳар нафари мо  сар мешавад.

Мушкилоти дигари аҳолии деҳаи Вахши ҷамоати  деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант ва деҳаи Механизатор-2-и Ҷамоати деҳоти «Бустонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён надоштани  муассисаи таълимӣ буд. Хонандагони ин деҳаҳо ҳар сол  бо ранҷу машаққат ва дурии роҳ нигоҳ накарда,  аксар дар ноҳияи А.Ҷомӣ ва қисме  дар дигар мактабҳо таҳсил мекарданд.  Азоби  хонандагон махсусан дар фасли зимистон тоқатфарсо буд. Ҳамаи ин мушкилот боис мегардид, ки  хонандагон  ҳафтаҳо дар дарсҳо иштирок накунанд. Мусаллам аст, ки ин раванд ба  сифати таълиму тарбия беасар намемонад.

Бо пешниҳоди  мардуми ин ду деҳа, дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо сармоягузории Бонки Олмон  сохтмони бинои  таълимгоҳи навро ба тарҳи замонавӣ ба нақша гирифтанд.  Бинои мазкур  2-ошёна буда, аз 10 синфхона иборат аст ва ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ сохтмонаш идома дорад.

Инчунин корҳои сабзу хуррамгардонии гирду атрофи муассиса вусъат ёфта истодааст. Бояд гуфт, ки ин ҳама ободкориву созандагиҳо, фароҳам овардани шароити муносиби  таҳсил баҳри фардои  дурахшон натиҷаи тадбирҳо ва ғамхориҳои бевоситаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  мебошанд.

Дар доираи лоиҳа  таъмини синфхонаҳо бо таҷҳизоту ашёҳои замонавӣ,  инчунин таъмини соли аввал бо ангишт ба нақша гирифта шудааст. 

Ҳамаи заҳматҳо ба хотири фардои дурахшони наврасон аст, умед мебандем, ки хонандагон чавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумату давлат бо баҳои аъло тахсил менамоянд.

Бунёди  мактаби нав  орзуи чандинсолаи  мардуми деҳа буд. Акнун онҳо шукрона мекунанд, ки фарзандонашон дар чунин  муассисаи  замонавӣ  таълим хоҳанд гирифт. Ин ҳама пешравиҳо маҳз бо дастгириву роҳнамоии бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баракати Истиқлолияти давлатӣ  ва сулҳу субот  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Ф. Султонов Раиси чамоати деҳоти «Ваҳдат»