Ташкилоти ибтидоии «Пайравони Сино» таъсис гардид!

.

Бо мақсади таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

 Дар ин вохӯрӣ масъулин сараввал ҷихати дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷихати баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгири аз паҳншавии бемориҳои сирояти, тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи қонунхои миллӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсии дар пеш истода корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Инчунин бо пешниҳоди кормандони муассисаи мазкур ташкилоти ибтидоӣ бо номи «Пайравони Сино» таъсис дода шуда, бо розигии кормандони номбурда директори муассиса Эмомов Хасан Саидович раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.