Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ба ташвиш овардааст.
Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳодисаҳоеанд, ки амнияти тамоми кишварҳои дунёро халалдор карда, ба мардуми сайёра мушкилӣ эҷод мекунанд. Таблиғи ақидаҳои ифротгароёна, урфу одати бегона, бегонапарастӣ дар либос, фарҳанг ва ахлоқ ҳадафи асосии гурӯҳҳои ифротӣ ва хоҷагонашон мебошад, ки онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд ба мақсади муғризонаи худ бо ҳар роҳу восита бирасанд. Аммо дар баробари ин қувваҳо коршиносону сиёсатмадорон ва донишмандон намегузоранд, ки чунин гурӯҳҳо бо мақсадҳои нопоку ғаразноки худ расанд.
Гурӯҳҳои терористию ифротии ТТЭ ҲНИ, ДИИШ, Давлати исломӣ, Ҳизб-ут таҳрир, Ҳизбуллоҳ, Ал-қоида, Боко ҳарам, Толибон ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсию мазҳабии худ бо истифода аз дини мубини ислом баҳри татбиқи ҳадафҳои нолоиқи худ фаъолият бурда истодаанд.
Агар саҳеҳтар назар афканем, пушида нест, ки ҳадафи асосии ТТЭ ҲНИ аз қабл зери пардаи сиёсат ва дини мубини ислом баҳри аз байн бурдани давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ буд. Саркардагони ТТЭ ҲНИ аз оғози фаъолияти ҲНИТ дар доираи як мазҳаб ё як равияи ба мо бегона мехостанд давлати худро бунёд кунанд. Яъне даъвои аслии эшон он буд, ки бояд дар Тоҷикистон як давлати ба андешаи онҳо исломӣ бунёд карда шавад. Ин амали муғризонаашон туф кардан ба намакдон буд. Дар ҳоле, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо имкон дода буду фаъолияти ҳизбии худро пеш мебурданд. Аммо ба ин нигоҳ накарда онҳо аз қабл кӯшиш мекарданд, ки мафҳуми давлати демократӣ-дунявиро ҳамчу як мафҳуми зиддидинӣ муарифӣ намоянд. Ба маънои дигар роҳбарони собиқ ҳизби наҳзати наҳс ба мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон мехостанд фаҳмонанд, ки Тоҷикистон як кишвари зиддидинӣ ва зиддиисломӣ мебошад. Албатта андешаву афкори муғризонаи онҳо ғалат ва хилофи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нияти бадашон ҳам зуд ошкор гардид. Дар шарҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан омадааст, ки низоми идораи Тоҷикистон зидди ягон адён нест. Бояд ёдрас шуд, ки дар пушти ТТЭ ҲНИ аз қабл гурӯҳ ва шабакаҳое пинҳон буданд, ки пешрафти иқтисодиёт, фановарӣ, бедории миллӣ ва амнияту оромишро дар Тоҷикистон намехостанд. Роҳбаронашон як шохаи тероризми байналхалқӣ буда, мардумро гумроҳ мекарданд. Имрӯз мардуми бофарҳангӣ Тоҷикистон ба ягон идеологияи онҳо бовар надоранд. Чунки чеҳраҳои аслиашон муайяну мушаххас гардид.
Сулҳе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми тоҷик оварданд, нодиртарин ва муқаддастарин барои миллати тоҷик мебошад. Мо бояд ба қадри ин сулҳу субботу оромӣ расида, арзишҳои миллиамонро ҳифз намоем ва нагузорем, ки нохалафе бо мақсадҳои нопоки худ теша ба решаи мо занад. Ҳама якҷоя аз як гиребон сар бароварда, бо терроризму экстремизм мубориза мебарем.
М. Маҳмадшоев, сокини ш. Левакант