Тадбири муҳим дар роҳи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон
18-уми декабр бо иқдоми Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд», маъмурияти муассисаи таълимии №8 ва як гурӯҳ хонандагони ин муассиса ба аёдати собиқадори махсуси ҷумҳуриявӣ бобои Отамурод Қурбонов рафтанд.
Чуноне Ҳ. Султонов иброз намуд солҳои охир дар ҷомеаи мо дар арафаи ҳар иду ҷашнвора ба аёдати пирони рӯзгордида рафтану аз ҳоли онҳо бохабар шудан ба анъанаи неке мубаддал гардидааст, ки лоиқи дастгириву пайравист. Аз ҷониби дигар ташкил намудани суҳбату дидорбинии ҷавонону наврасон дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, меҳнатдӯстиву заҳматнописандӣ ва ватандӯстию ватанпарастии онҳо нақши муҳим дорад.
Отамурод Қурбонов аз деҳқонони пуртаҷрибаест, ки солҳои сол баҳри пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ садоқатмандона заҳмат кашидааст. Ҳамчун собиқадори махсуси ҷумҳуриявӣ эътироф шудани ӯ нишонаи арзи эҳтиром ба меҳнати софдилонаи чандинсолаи ӯст.
Бо вуҷуди синни беш аз ҳафтодсола доштан, ҳанӯз ҳам аз меҳнат дар замин даст кашиданӣ нест. Замини наздиҳавлигияш мунтазам коркард мешавад ва аз он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба даст меояд. 5 гармхонаи бунёднамудаи ӯ ҳамеша мавриди истифодабарии доимии аҳли оилаи бобои Отамурод қарор доранд. Аз маҳсулоти аз ин гармхонаҳо бадастомада ба бозору мағозаҳои шаҳри Левакант воридшуда, як миқдори муайяни ин маҳсулот ба ошхонаи муассисаи таълимии №8 ройгон фиристода мешавад.
Бобои Отамурод бо хушнудӣ аз таваҷҷӯҳи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва ёдоварӣ аз рӯзгори гузаштаи хеш бо аёдаткунандагон суҳбати гарму самимӣ доир намуд ва таъкид дошт, ки танҳо меҳнати садоқатмандона ба ватану миллат касро ба мартабаҳои баланд мерасонад.
- Бигзор, Худованд ҳамеша сулҳу субот, оромию амният ва истиқлолияту озодии Тоҷикистонро устувор нигоҳ бидорад, тамоми роҳбарияти давлату Ҳукумат ва тамоми шахсони масъулро тавфиқу қувваи накуи бештар ато фармояд, то дар хизмати халқ бештар аз пештар камари ҳиммат банданд, дар ҳаёту фаъолияти ҳаррӯзаашон ба муваффақиятҳову комёбиҳои хубу бузург ноил гарданд ва дастурхони хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ пур аз нозу неъмат ва файзу баракат бошад,- гуфта, дуо дод бобои Отамурод Қурбонов.