Ҳадаф - амалӣ сохтани барномаҳои созандаи ҲХДТ мебошад.

.

АНДЕША. Бароям боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бори нахуст ҳамчун вакил аз вилояти Хатлон дар Анҷумани 13 - уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намудам. Ин сана ва рӯзи муборак умре дар хотираам нақш хоҳад баст. Ба он хотир, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлисро раисӣ намуданд ва тайи чанд соат аз суханрониҳои ӯ дар бораи нақшаҳои ояндаи ин ҳизби бонуфуз ва насиҳатҳои падаронаву суханҳои самимонаи он кас баҳра бурдам. Аз он, ки ин Анҷуман дар рӯзҳои 25-умин солгарди таъсисёбии ин ҳизби пирӯзу пешоҳанги ҷомеа. Ҳизбе, ки мақсаду маромаш оромию осудагии кишвар аст, баргузор гардид фазои тантанавор дошт. Ифтихорам аз он бештар гардид, ки имрӯз ҳамчун як нафар аъзои ин ҳизби бонуфуз зери роҳбарии ин сиёсатмадори барҷаста кору фаъолият менамоям. Бори дигар эҳсос кардам, ки Сарвари давлати мо воқеан фидоии миллат ва ватандору ватанпарасти асиланд.

 

Бахусус дастгирии занонро дар сиёсати дохилии кишвар яке аз омили асосии пешрафти давлат арзёбӣ намудани Раиси муаззами ҳизб ва махсусан қайд намудани фаъолияти пурсамари онҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар дили ман эҳсоси баланду пурифтихореро аз доштани чунин Сарвар ва Пешвои инсонпарвар бедор намуд. Воқеан маҳз таҳия шудани чандин стратегияву барномаҳо ва дигар дастригиҳои Роҳбарияти Олии кишвар буд, ки сатҳи фаъолнокии занон дар тамоми соҳаҳо боло рафт.

20-сол қабл Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гардид ва дар асоси он боз чандин барномаҳои давлатӣ таҳия гардиданд, ки воқеан дар боло рафтани нуфузу эътибори зан дар ҷомеа нақши муҳим гузошт. Ин ҳама дастгириҳо мо занонро водор месозад, ки дар амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои созандаву бунёдкоронаи ҳизб бо меҳнати софдилонаву содиқона саҳми худро гузорем.

 

Фароғат Назарова, вакили Анҷумани 13-уми ҲХДТ,

        муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Левакант