22 декабр «Рӯзи энергетикҳо»
19- декабр дар назди арчаи солинавӣ бахшида ба Рӯзи иди касбии энергетикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангии идона доир гардид.
Дар суханронии хеш раиси шаҳр Зарина Давлатзода кормандони соҳаи энергетикаи шаҳрро бо иди касбияшон табрик намуд.
Масъалаи рушди соҳаи энергетика дар тӯли 28 соли Истиқлолият ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад,-гуфт раиси шаҳр.
Мавсуф илова намуд, ки НБО – и «Сарбанд» бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт чорумин иншооти калони энергетикии кишвар мебошад.
Сипас чанде аз фаъолон ва нафароне, ки дар пешбурду рушди соҳа саҳми арзанда гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ зери суруду оҳангҳои санъаткорони шаҳр бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ҳозирин рақсу шодию хурсандӣ намуданд.