«Солимии миллат асоси пешрафти чомеаи солим»

.

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр баҳри пешгирии бекоршавии ақди никоҳ байни ҷавонон ва кам кардани сатҳи ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон дар толори МТМУ №1-и шаҳр дар мавзӯи «Солимии миллат асоси пешрафти ҷомеаи солим» бо иштироки зиёда аз 80 нафар наврасону ҷавонон вохӯрӣ доир гардид.

 

Дар вохӯрии мазкур Одинаев Ҷ- мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ пойдории оилаи солим ҷомеаи солим, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва кам намудани сатҳи бекоршавии ақди никоҳ байни оилаҳои ҷавон мебошад.