Вохӯрӣ дар деҳоти «Ваҳдат»

.

Намояндагони Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарифзода М. ва Давлатзода Ф. дар якҷоягӣ бо Прокурори шаҳр Зайниддинзода Н. дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо аҳолӣ ва раисони маҳалаҳо дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ» вохӯрии судманд баргузор гардид.

 

Максад аз вохӯрии мазкур ин тирбияи дурусти насли наврас, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳона дар кишварҳои хориҷӣ мебошад.

«Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои  хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ  намоянд.

Талошҳои ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуи  кишвари азизамон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар намоянд.

Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати  шаҳрвандии мо аз он иборат  аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем»,- иброз дошт – Султонов Ф., раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»