Корҳои ободонӣ дар деҳаи Зағиртут

.

Дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо саҳми ҷавонони кӯчаи А. Ҷомии деҳаи Зағиртути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» кӯчаи мазкур пурра сангфарш ва чароғон карда шуд.  Дар ин бора раиси ҷамоти деҳоти «Ваҳдат» Фаррух Султонов иттилоъ дод. Ҳамзамон ӯ зикр намуд, ки дар пайи ҳамин гуна ободонию созандагӣ сокинони деҳа азм доранд, ки дигар кӯчаҳоро низ сангфарш ва чароғон намоянд.