19 апрели соли равон ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ва раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ аз пойгоҳи моддию техникӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои техникии раванди таълим дар Филиали Донишгоҳ дидан намуданд.
Имрӯз 18-уми апрел, дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи Зағертути Ҷ/Д «Ваҳдат» дар МТМУ №10, вохӯрӣ намуда, бори дигар матни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз саннаи 9-уми марти соли ҷорӣ бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, шарҳу тавзеҳ доданд.
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар ҳайъати раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, мудирони бахши кор бо занон ва оила Халилзода Нуқра, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Хидирзода Маҳмад бо усули хона ба хона дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Яке аз хатарҳои хоҷагии қишлоқ, ин яку якбора зиёд гаштани малах мебошад, ки ба соҳаи кишоварзи мушкилии зиёд меорад.
Барои несту нобуд кардани малах ва безараргардонии заминҳои кишти аҳолӣ аз тарафи масъулини соҳаи кишоварзии шаҳри Левакант, хадамоти оташнишонӣ ва ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» корҳои безараргардони ҷараён дорад.