Се варзишгари навраси шаҳри Левакант, дар Чемпионати байналмилалии G1 оид ба Теквандо ВТ, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, иштирок намуда, ҳарсеяшон бо медал баргаштанд.

Наврасон дар сабқатҳо бо бо рақибонашон хеле хуб қувваозмоӣ намуда, 1 медали тилло ва 2 медали биринҷии Чемпионатро ба даст оварданд.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 1 ноябри соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо кормандони кумаки сайори МД Маркази вилоятии ВНМО и ш. Бохтар ва бо ҳамшираи бунгоҳи саломатии ҷ/д Ваҳдат деҳ. Зағертут ш.Левакант дар бунгоҳи саломатии деҳотии Загертут байни аҳоли дарсҳои омузиши гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд ва ҳамчунин ташхиси оҷилии ВНМО ройгон гузаронида шуд.

Имрӯз 1-уми ноябр, дар доираи Лоиҳаи USAID "Модари солим, кӯдаки солим" бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби рӯзноманигорону фаъолони ҷомеа дар шаҳри Бохтар, вобаста ба мавзӯи Ғизои солим ва қадпастӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

01 ноябри соли ҷорӣ дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прократура, суд, ШВКД дар шаҳри Левакант, шуъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант ҷиҳати таҷлили сазовори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , дар Донишкадаи байналмилалии Левакант чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Таҳти чунин унвон 1-уми ноябр, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии томактабии №1-и шаҳри Левакант, Конференсия гузарониданд.