Таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Аксияи таблиғотӣ баргузор гардид.

Паёми шодбошии раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам низ муҳимтарин муқаддасот, рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдории миллӣ, нишони соҳибихтиёрии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад.

Имрӯз 23-уми ноябр, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабинии бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи давлатии №1, таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон» чорабинии идона баргузор гардид.

22-юми ноябр, дар шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи идона тантана кард.

Қабл аз чорабинӣ аз ду тарафи кӯчаи марказӣ то майдони Парчам, бо иштироки роҳбарияти шаҳр ва тамоми кормандони ташкилоту корхонаҳо дар даст шиору парчамҳо роҳпаймоии идона гузаронида шуд.

Тибқи нақша-чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ, байни дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, мусобиқаи кушоди ТЕКВАНДО ВТФ гузаронида шуд.