Тибқи нақша-чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант бо сокинони деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» вохӯрӣ намуданд.

Дар ин вохӯрӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, аъзоёни фаъоли Ташкилот Исмонқулов Абдуҷалол, Саидов Файзулло, Ашуров Холназар, раиси Ташкилоти «Сипарони Ватан» Бароталиев Сафар ва дигарон иштирок намуда вобаста ба нақши Пешвои миллат ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Сайфурамоҳ Раҳмонзода корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар Озмуни ҷумҳуриявии "БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН" дар сатҳи ҷумҳурӣ мақоми сеюмро ишғол намуд.

Ӯ дар баробари Ифтихорномаву туҳфаҳои озмун, ҳамчун беҳтарин корманди Мақомоти иҷроия, аз ҷониби раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ низ бо гулдаста ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиноси шуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ чорабинии идона баргузор шуд.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, маъмурият, омузгорону донишҷӯёни Донишкада, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.

Таҳти чунин шиор хонанадагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии идонаеро баргузор намуданд.

Дар чорабинӣ раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, аъзоёни фаъоли Ташкилот Мастов Абдулҳаким, Исмонқулов Абдуҷалол, Саидов Файзулло, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода, раиси Ташкилоти «Сипарони Ватан» ароталиев Сафар ва дигарон иштирок намуданд.

Имрӯз 13-уми ноябр, зимни маросими туҳфасупорӣ ба пиллапарварон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСК «Пиллаи Тоҷик» Назаров Н. иброз дошт, ки пилппарварони шаҳри Левакант ҳамеша аз иҷрои нақшаи пилласупорӣ баромада, дар рушди кирмакпарварӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ӯ ҳамзамон миннатдории худро ба раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ ва тамоми пиллапарварон барои иҷрои саривақтии нақшаи дурнамои пилла расонид.