Имрӯз 18-уми январ, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар тамоми кӯчаву маҳаллаҳо шанбегии умумишаҳрӣ эълон карда шуд.

Дар ин шанбегӣ масъулини Мақомоти иҷроия, роҳбарону кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бахши фарҳанг, соҳаи маориф, муассисаҳои «КАТС», беморхонаи марказӣ, Донишкадаи байналмилалии Левакант инчунин дигар ташкилоту корхонаҳо ва сокинон дар ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ ва тозагию ободонӣ саҳм гузоштанд.

Имрӯз шанбе 18-уми январ, дар баробари тамоми ташкилоту корхонаҳои шаҳри Левакант, масъулин ва кормандони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар назди бинои идораи худ шанбегӣ гузарониданд. Дар ин шанбегӣ онҳо гулу дарахтонро ба тартиб дароварда бехашонро нарм намуданд. Баҳри ободу зебогардонӣ як миқдор гулҳои лола ва ороишӣ шинониданд.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 17 январи соли 2025, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо ҳамшираи КАТС и ш. Левакант дар ҷ/д Сарбанд куч.Н.Хусрав и ш.Левакант, байни аҳоли дарсҳои омузиши гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.

Дар доираи дастури Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант тибқи нақшаи якҷояи КИ ҲХДТ, МИҲД, Бахши ҳифзи муҳити зист бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Аксияи ниҳолшинони зери унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” бо иштироки мардони баруманди тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, ки дар шинонидани дарахтони арчаи ҳамеша сабз ҳусни кучаҳои шаҳро зебою сояаафкан менамоянд баргузор карда шуд. Масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант аз тамоми иштирокчиёни аксияи мазкур минатдоранд, ки дар чорабинии саҳми худро самимона гузоштанд. Тамоми аъзоёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар тамоми корҳои ободонию созандагии шаҳр самимона содиқона ватандустона зери шиори Тоҷикистон бо пешвои миллат ба пеш! Саҳми арзандаи худро дар ободи шаҳр мегузоранд.

 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, модарони шарафманди шаҳри Левакант, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гаштанд.