15-уми январ, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант ва ҷамоати деҳоти “Гулистон” дар маъракаи нави ниҳолшинонӣ, дар шафати роҳи асосии ҷамоат як миқдор дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуд. Дар ин маъракаи кабудизоркунӣ муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, масъулини бахши кишоварзӣ ва ҷамоати деҳоти “Гулистон” иштиролк намуда, саҳми худро дар кабудизоркунии маҳал гузоштанд.

Баҳри пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷиноят, омилҳои номатлуб ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, масъулини Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, як қатор мусобиқаҳоро ба роҳ мондаанд, ки ҳамарӯза гузаронида мешавад.

Кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию комунали»-и шаҳри Левакант, ҳамарӯза бо масъулияти баланди корӣ дар тозагию ободонии ҳудуди шаҳр саҳми назаррас мегузоранд.

Онҳо 15-уми январ, дар кӯчаи Рӯдакӣ, ки миқдори зиёди ниҳолони ҳамешасабз шинонида шудааст, обмонӣ намуда, кӯчаҳои шаҳрро тоза нигаҳ медоранд.

Ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-и шаҳри Левакант, дар НОМИНАИ «ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН»-и “Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳияву шаҳраку маҳалаву хонаву деҳот дар соли 2024”, сазовори ҷойи сеюм гардида, ДИПЛОМ-и МИҲД-и вилояти Хатлон ва туҳфаи пули дар фазои тантанавӣ ба раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Саидқулов Манучеҳр тақдим гардид.

14-уми январ, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Сарбанд» Ашуров Орзу бо намозгузорони масҷиди панҷвақтаи деҳаи Оқгазаи ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрӣ намуданд.